Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Михаил Ходорковский маҳбасро тарк намуд


Раҳбари пешини ширкати нафтии “ЮКОС” Михаил Ходорковский маҳбасро тарк намуд. Дар ин бора вакили дифои ӯ Вадим Клювгант ба хабаргузории РАПСИ иттилоъ додааст. Ӯ гуфтааст, "мо чанд лаҳза пеш тайиди расмии озод шудану маҳбасро тарк намудани Михаил Борисовичро дастрас кардем, аммо ҳанӯз намедонем, ки ӯ ба куҷо меравад"

Аз ин пеш хабаргузории ИТАР-ТАСС бо такя ба Хадамоти федеролии иҷрои муҷозоти Русия иттилоъ дод.ки Ходорковский аз идомаи адои ҷазо озод шудааст. “Интерфакс” бошад бо такя ба манбаъҳояш дар мақомои қудратии Карелия хабар дод, ки Ходорковский тақрибан соати 12.20 ба вақти Маскав маҳбаси шаҳри Сегежаро тарк намудааст.

Владимир Путин рӯзи ҷумъа дархости авфи Михаил Ходорковскийро имзо кард. Аз ин пеш нашрияи “Коммерсант” чопи Маскав навиштаст, ки Михаил Ходорковский баъд аз сӯҳбат бо кормандони хадамоти амниятӣ дар маҳбас ба номи раисиҷумҳур дархости афв навиштааст. Ба навиштаи рӯзнома, ҳангоми мулоқот ба Ходорковский ба ӯ дар бораи бад шудани вазъи сиҳати модараш ва парвандаи нав алайҳи ЮКОС хабар доданд.

Мӯҳлати ҳабси Михаил Ходорковский рӯзи 23 августи соли оянда поён меёфт. Акнун, баъд аз имзои Путин, раҳбари пешини “ЮКОС” метавонад ба зудӣ маҳбасро тарк кунад.

Владимир Путин рӯзи панҷшанбе, дар нишасти хабарӣ дар Маскав гуфт, ки амри афви Ходорковскийро содир мекунад ва барои идомаи тафтиши “парвандаи сеюми ЮКОС” ниёзе нест.

Моҳи декабри соли 2010 додгоҳи ноҳияи Хамовникии Маскав раҳбарони пешини ЮКОС Михаил Ходоркоский ва Платон Лебедевро дар дуздии нафт айбдор ва онҳоро ба 14 солии маҳбас маҳкум кард. Баъдан додгоҳи шаҳри Маскав мӯҳлати ҳабсро то 11 сол коҳиш дод.
XS
SM
MD
LG