Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роҳандозии барномаҳои радиои "Имрӯз" дар минтақаи Кӯлоб


Радиои «Имрӯз» шурӯъ аз шаби гузаштаи 19 ба 20-уми декабр ба пахши барномаҳои худ дар шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоб оғоз кардааст. Назири Нусрат, сардабири радиои "Имрӯз", рӯзи 20-уми декабр бо тасдиқи ин хабар ба "Озодӣ" гуфт, ки дар ин минтақа мисли дигар минтақаҳои Тоҷикистон барномаҳои радиои мазкур ба таври мустақим пахш мешавад. «Ҳамакнун сокинони ин минтақа метавонанд ба таври шабонарӯзӣ рӯйи мавҷи 107.4FM аз барномаҳои радиои «Имрӯз» баҳравар шаванд.» Оғози пахши барномаҳои радиои «Имрӯз» дар шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоб дар ҳолест, ки моҳи сентябри соли ҷорӣ ин радио пахши мустақими барномаҳои худро дар вилояти Бадахшон роҳандозӣ карда буд. Масъулони радиои имрӯз мегӯянд, дар ҳоли ҳозир мавҷи ин радио ба ҷуз навоҳии минтақаи Рашт, дар тамоми қаламрави Тоҷикистон ва навоҳии наздисарҳадии Узбакистон ҳам дастрас аст. Ин радио дар шаҳри Душанбе, шаҳру навоҳии атрофи Қӯрғонтеппа, вилояти Бадахшон ва ноҳияҳои тобеъи марказ рӯйи мавҷи 107.4FM қобили шунидан буда, танҳо дар вилояти Суғд рӯйи мавҷи 103FM пахш мешавад.

Радиои мустақили «Имрӯз» аз соли 2007 фаъолият мекунад.
XS
SM
MD
LG