Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия ба Украина қарз ва гази арзон медиҳад


Русия ба Украина 15 миллиард доллар қарз ва гази арзон ваъда додааст. Тавофуқ дар ин замина дар мулоқоти Виктор Янукович, раиси ҷумҳури Украина ва ҳамтои руси ӯ Владимир Путин ҳосил шудааст. Владимир Путин гуфт, ки Русия ба Украина ҳар ҳазор метри мукааб гази табииро бо қимати андаке бештар аз 268 доллар хоҳад фурӯхт, ки назар ба қимати пешина арзонтар аст. Украина қаблан барои гази русӣ 400 долларӣ пардохт мекард. Дигар ин ки Русия бо арзиши 10 миллиард доллар саҳмияҳои давлатии Украинаро мехарад, то ин кишвар пули лозим барои иқтисодашро дошта бошад. Айни замон тазоҳуроти тарафдорони ҳамоиши Украина бо Иттиҳодияи Аврупо дар шаҳри Киев идома доранд. Мухолифони давлат ва тарафдорони онҳо мехоҳанд, Украина ба ҷойи наздикӣ бо Русия бо Иттиҳодияи Аврупо бештар ҳамкорӣ кунад. Виктор Янукович моҳи ноябр имзои аҳдномаи ҳампаймонӣ бо Иттиҳодияи Аврупоро ба таъхир андохт ва хашми мардумро барангехт. Мухолифон метарсанд, ки Виктор Янукович Украинаро ба Иттиҳоди Гумрукии ба раҳбарии Русия ҳамроҳ мекунад, ҳарчанд Путин гуфтааст, ки бо Янукович ин масъаларо баррасӣ накард.
XS
SM
MD
LG