Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Низои қавмӣ дар Судони Ҷанубӣ садҳо кушта бар ҷой гузошт


Дар Судони Ҷанубӣ, ба иттилои дипломатҳои СММ, садҳо нафар қурбонии низои мусаллаҳона шуданд. Кормандони Созмони Милал бо такя ба манбаъҳо дар пойтахти кишвар – шаҳри Ҷуба гуфтанд, ки бар асари задухӯрдҳо аз 400 то 500 нафар ба ҳалокат расидаанд.

Раисиҷумҳури Судони Ҷанубӣ Салва Киир низомиёни содиқ ба яке аз муовинони худро дар кӯшиши табаддулоти давлатӣ айбдор кард.

Ба иттилои намояндаи доимии Фаронса дар Шӯрои амнияти СММ Жерар Аро, муқовимат дар Судони Ҷанубӣ бар асари адовати қавмӣ сар задааст. Тақрибан 20 ҳазор аз сокинони кишвар дар дафтари намояндагии СММ дар Ҷуба панаҳ бурдаанд.
XS
SM
MD
LG