Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мурофиаи додгоҳии Зайд Саидов имрӯз баргузор нашуд


Мурофиаи додгоҳии Зайд Саидов, ки интизор мерафт имрӯз баргузор шавад, ба таъхир гузошта шудааст. Ин хабарро Шӯҳрат Қудратов, яке аз вакилони дифои Зайд Саидов рӯзи 17-уми декабр ба радиои Озодӣ тасдиқ кард. Эҳтимол аст фардо, рӯзи 18-уми декабр мурофиаи додгоҳии Зайд Саидов аз сар гирифта шавад. Охирин мурофиаи додгоҳии Зайд Саидов, собиқ вазири саноат ва соҳибкор охири ҳафтаи гузашта баргузор шуд ва додрас сухани охирни айбдоршавандаро шунид. Манобеъи огоҳ аз аз ҷараёни қазия мегӯянд, қозӣ Шавкат Абулхайров интизор меравад фардо ҳукми вазири собиқи саноатро эълон намояд. Ҳайати додгоҳ баъди шунидани сухани ниҳоии тарафҳо, аз ҳафтаи гузашта дар хонаи машваратӣ қарор дорад.
XS
SM
MD
LG