Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳмон амр додааст, ба ТАЛКО кӯмак кунанд


Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон амр додааст, ки “бо назардошти аҳамияти ширкати ТАЛКО дар иқтисод ва нақши бузурги иҷтимоии он” барои дастгирии давлатии ширкат чораҷӯӣ кунанд. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ бо нашри баёнияи катбие гуфтааст, ки рӯзи душанбе зимни машварати корӣ бо ҳузури нахуствазир ва муовинҳои ӯ, вазъи молии ТАЛКО баррасӣ шудааст ва дар он ҳисоботи раҳбарияти корхонаро шунидаанд. Аз ҷумла зикр кардаанд, ки “ҳоло бар асари бӯҳрони иқтисодию молиявӣ ва коҳиш ёфтани нархи алюминийи аввалия дар бозори ҷаҳонӣ бисёр корхонаҳои ин соҳа дар кишварҳои зиёд аз кор бозмондаанд.” Аммо дар бораи худи ширкат чизе гуфта нашудааст ва дар хабар омадааст, ки Эмомалӣ Раҳмон ба вазорату идораҳои марбута дастур додааст, ки барои дастгирии давлатии корхона “чораҳои муассир” биандешанд. Корхонаи Талко бузургтарин корхонаи тавлиди алюминиум дар Тоҷикистон ва Осиёи Марказист, вале матбуоти дохилӣ мегӯянд, маҳсулоти ин корхона аз тариқи ширкатҳои миёнарави сарватманде фурӯхта мешавад, ки ба афроди наздик ба ҳукумати Тоҷикистон тааллуқ доранд.
XS
SM
MD
LG