Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари Ҳомид Карзай ба Ҳиндустон


Карзай бо Манмуҳон Сингҳ-нахуствазири Ҳиндустон дар Деҳлӣ
Карзай бо Манмуҳон Сингҳ-нахуствазири Ҳиндустон дар Деҳлӣ
Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури Афғонистон мегӯяд, вай аз имзои мувофиқатномаи амниятии Афғонистону Амрико дар бораи ҳузури баъдии ҳазорон нафар нируҳои Амрико баъд аз хуруҷи нируҳои байналмиллалӣ дар соли 2014 наметарсад. Карзай зимни суханони худ аз як шабакаи телевизионии NDTV-и Ҳиндустон гуфт, ки вай мехоҳад бовар ҳосил кунад, ки мувофиқатномаи амниятии ҷонибҳо сулҳу амниятро таъмин мекунад.

Карзай пештар гуфта буд, ки вай мувофиқатномаро баъди интихоботи раёсати ҷумҳурии моҳи апрел имзо мекунад. Вале Амрико мехоҳад, ки вай ин мувофиқатномаро зудтар ба имзо расонад, то Амрико барои оянда барномаҳои худро муайян кунад.

Вашингтон мегӯяд, умед дорад, ки Ҳиндустон Карзайро ба имзои ин мувофиқатнома ташвиқ хоҳад кард. Дар Ҳиндустон Карзай кӯмакҳои низомии Ҳиндустон ва талошҳоро барои ҷилавгирӣ аз бозгашти Толибон ба қудрат баррасӣ хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG