Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин: Сибир ва Шарқи Дур - авлавияти миллӣ дар ин қарн аст


Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, дар паёми солона ба ҳарду палатаи парлумони кишвар, ободонии Сибир ва Шарқи Дурро “авлавиятҳои миллӣ дар қарни 21” номид. Ӯ пешниҳод кард,дар Сибир ва Шарқи Дур бояд минтақаҳои иқтисодие таъсис шаванд, ки дар онҳо тайи панҷ сол аз даромад, аз истихроҷи маъданҳо, аз замин ва моликият андоз ситонда нашавад.

Сарвари Русия ҳамчунин аз арзишҳои миллӣ пуштибонӣ кард ва аз байн бурдани онҳоро зиддидемократӣ номид. Путин таъкид намуд, ки Русия чун пештара ва пайваста аз мавқеъҳои худ дар робитаҳои байнулмилалӣ дифоъ хоҳад кард. Ӯ афзуд, ки Маскав ба ҳама талошҳои дигар кишварҳо барои бартарии низомӣ аз болои Русия посухи сазовор хоҳад дод. Дар робита ба ин сарвари Русия ҳадафҳои аслии системи зидди ҳамлаи мушакии кишварҳои ғарбиро зери суол бурд ва ин системро “як бахши ҳамлаи стратегӣ” номид.

Дар паёми солонаи худ Владимир Путин рӯи масоили мубрами байнулмилалӣ, аз ҷумла, авзоъ дар Сурия ва баҳси барномаи ҳастаии Эрон ҳам тамаркӯз кард. Дар робита ба Украина ӯ гуфт, ки Маскав омодааст дар мавриди ҳамроҳшавии Украина ба созишҳо дар чаҳорчӯби Иттиҳодияи гумрукӣ бо Киев дар сатҳи коршиносон гуфтугӯ кунад, аммо, афзуд Путин, ба шарте, ки Киев ин гуна хоҳиш дошта бошад.
XS
SM
MD
LG