Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пулис аз тасарруфи шаҳрдории Киев даст кашид


Бино ба гузоришҳо, пулиси зидди тазоҳурот аз нақшаи худ барои дубора зери контрол даровардани бинои шаҳрдории Киев даст кашидааст. Пештар гузориш расида буд, ки дар дохили бинои шаҳрдорӣ миёни эътирозгарон ва пулиси зидди тазоҳурот задухурд рух додааст. Бинои шаҳрдориро мухолифон ба тасарруфи худ даровардаанд ва барои аз худ дур нигоҳи доштани пулис ба онҳо об мепошанд.

Дар майдони марказии Истиқлол садҳо нафар пулис ҷойгир шудаанд. Онҳо субҳи барвақт даҳҳо хаймаву саддҳои гузоштаи эътирозгаронро аз майдон бардоштанд. Аз наворҳои телевизионӣ дида мешавад, ки майдонро аз эътирозарон холӣ кардаанд. Автобусҳоро дар роҳҳои вурудӣ гузоштаанд ва роҳ ба майдон ва биноҳои ҳукуматиро бастаанд.

Вазъ ором, вале пешгӯинашаванда боқӣ мондааст.
XS
SM
MD
LG