Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фролов: Пойгоҳи Русия аз Тоҷикистон ҳимоят хоҳад кард


Фролов Игор Лякин
Фролов Игор Лякин
Игор Лякин Фролов-сафири Русия дар Тоҷикистон гуфтааст, агар вазъи Афғонистон ба Тоҷикистон ё кишварҳои дигари узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ хатар эҷод кунад, мумкин аст нируҳои пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон вориди амал шаванд.

Вай ин суханонро дар мусоҳибае бо рӯзномаи “Коммерсант” изҳор доштааст. Сафир гуфтааст, ки дар ин бора амалиёт бо раҳбарияти Тоҷикистон ҳамоҳанг хоҳад шуд. Фролов гуфтааст, ки “чанд моҳ пеш гузоришҳо ҳокӣ буд, ки вазъ дар Афғонистон то андозае оддист, вале ҳоло робита бо ҳампаймонҳои мо нишон медиҳад, ки дилгармкунанда нест”.
XS
SM
MD
LG