Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Довталабони "Тӯби тиллоӣ" маълум шуданд


Леонел Мессӣ
Се футболбози маъруф – Леонел Мессӣ аз "Барселона", Криштиан Роналду аз "Реал"-и Мадрид ва Фрэнк Риберӣ аз “Бавария”-и Мюнхен барои дарёфти “Тӯби тиллоӣ” талош хоҳанд кард.

Ба иттилои дафтари матбуоти ФИФА, Федератсиони байнулмилалии футбол, соҳиби “Туби тиллоӣ” рӯзи 13 январи соли 2014, баъд аз баршумурдани раъйҳои мураббиҳо ва капитанҳои дастаҳои мунтахаби миллӣ, дар як маросим дар шаҳри Сюрихи Швейсария эълон мешавад.

Чаҳор соли ахир Леонел Мессӣ ба гирифтани ин ҷоизаи бонуфузи олами футбол муваффақ шуда буд. Криштиан Роналду фақат як бор – соли 2008 соҳиби “Туби тиллоӣ” гардид. Аммо Фрэнк Риберӣ бори аввал ба феҳристи се довталаби “Тӯби тиллоӣ” шомил шудааст.

Ҳамчунин барои ҷоизаи мураббии беҳтарин се нафар – мураббии дастаи “Боруссия”-и Дортмунд Юрген Клопп, мураббии пешини “Бавария” Юпп Хайнкес ва мураббии собиқи “Манчестер Юнайтед” Алекс Фергюсон талош хоҳанд кард.

Видеоҳои охирин

"Озодии Зайд Саидов ду роҳ дорад - ё авфи умумӣ, ё президент ӯро бубахшад"
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:01:50 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG