Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз додгоҳ қарздоред? Марҳамат, ба зиндон!..


Ба тақрибан 2300 шаҳрванди Тоҷикистон, ки барои ҷиноятҳои гуногун аз сӯи додгоҳҳои вилояти Маскави Русия ба пардохти ҷарима маҳкум шудаанд, хатари маҳбусӣ таҳдид мекунад.

Абдулло Давлатов, раиси Созмони тоҷикистониёни муқими Русия, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ин ҳушдор дар як мулоқоташ бо приставҳо ё иҷрокунандаҳои ҳукми додгоҳҳо дар Маскав рӯзи ҷумъа, 6 декабр, садо дод.

Ба гуфтаи ӯ, онҳое, ки то имрӯз ҷаримаи аз сӯи додгоҳ муқарраршударо пардохт накардаанд,фақат ду ҳафта вақт доранд то худро аз дарди сари ҷиддӣ наҷот диҳанд.

Мусоҳиби мо мегӯяд, додгоҳ бештари ин муҳоҷиронро ба хотири пойбанди мушкилоти зиёд буданашон ба зиндон нафиристода, онҳро ба пардохти ҷарима маҳкум кардааст. Маблағи ҷарима аз дуву ним ҳазор то сӣ ҳазор рубли русӣ аст. Ин афрод, ки бештари онҳо муҳоҷирони кориянд, ҷиноятҳои гуногун –дуздӣ, авбошӣ ё дигар ҷиноятҳои сабук содир кардаанд ва додгоҳ ба онҳо як моҳ мӯҳлат дода буд то ҷаримаро пардохт кунанд. Аммо, тавре приставҳо ба Абдулло Давлатов гуфтанд, фақат гурӯҳи хурд ҷаримаро пародохтаанд ва 2294 нафар то ҳол қарздоранд.

Ба гуфтаи Абдулло Давлатов, дар мулоқот таъкид шуд, ки аз миёни
Абдулло Давлатов
Абдулло Давлатов
шаҳрвандони хориҷӣ аз ҳама бештар шаҳрвандони Тоҷикистон ва Ӯзбакистон ҷаримаи муқарраркардаи додгоҳро напардохтаанд. Ӯ меафзояд, баъд аз хоҳиши мо иҷрокунандаҳои ҳукми додгоҳ розӣ шуданд, ки мӯҳлати пардохти ҷарима аз сӯи шаҳрвандони Тоҷикистонро то рӯзи 20 декабр тамдид кунанд.

Абдулло Давлатов мегӯяд, онҳое, ки тайи ду ҳафтаи оянда ҷаримаро пардохт намекунанд, воқеъан ба дарди сари ҷиддӣ мувоҷеҳ хоҳанд шуд. “Онҳое, ки дар Русияанд, баъд аз 20 декабр имкони аз кишвар берун шуданро нахоҳанд дошт – ҳангоми убури марз афроди қарздор боздошт шуда, баъд аз муҳокимаи нави додгоҳӣ ба зиндон интиқол меёбанд. Афроде, ки аллакай Русияро тарк кардаанд, аз ин баъд ҳаққи вуруд ба ин кишварро нахоҳанд дошт – ҳатто баъд аз даҳ-понздаҳ сол ҳам онҳо агар талоши ворид шуданро кунанд, ҳатман боздошт ва муҷозот мешаванд”, меафзояд мусоҳиби мо.

Ягона илоҷи ҳалли ин мушкил, аз нигоҳи Абдулло Давлатов, зудтар пардохт кардани ҷаримаи додгоҳ аст. Онҳое, ки дар Русия нестанд, метавонанд тавассути дӯстону пайвандонашон ин корро анҷом диҳанд – нусхаи санади пардохти маблағ бояд тайи ду ҳафтаи наздик ҳатман ба дасти приставҳо расад.

Абдулло Давлатов ҳадс мезанад, ки теъдоди шаҳрвандони ҷаримаи додгоҳро пардохтнакарда шояд даҳҳо ҳазор бошад, зеро фақат дар вилояти Маскав шумораи онҳо тақрибан 2300 нафар аст.

Раиси созмони тоҷикистониёни муқими Русия мегӯяд, онҳое, ки ҳанӯз умеди бахшида шудани қарзашон аз сӯи додгоҳро доранд ё ба санадҳои нави байниҳукуматии Русияву Тоҷикистон умед мебанданд, иштибоҳ мекунанд ва аҷаб нест баъдан ангушти ҳасрату пушаймонӣ бигазанд, ки суде нахоҳад дошт....
XS
SM
MD
LG