Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тӯфон дар шимоли Аврупо боиси марги одамон шуд


Ба асари тӯфон дар шимоли Аврупо дасти кам чаҳор нафар ба ҳалокат расида ё нопадид шудаанд.

Ба навиштаи хабаргузориҳо, тӯфон боиси лағви даҳҳо парвозҳо дар фурудгоҳҳои Ҳоланд, Олмон ва Бритониё гардид. Дар бархе аз кишварҳо ҳаракати қатораҳо низ муттавақиф шудааст. Яке аз тӯлонитарин купрукҳои Аврупо, ки Шветсия ва Данияро бо ҳам мепайвандад, низ баста шуд. Даҳҳо ҳазор манзилҳо бебарқ монданд. Дар бархе аз кишварҳо, аз ҷумла, дар Бритониё ва Ҳоланд, сатҳи рӯдхонаҳо боло рафт ва ба манотиқи канори соҳилҳо хатари зери об мондан таҳдид мекунад.

Дар шарқи Англия, дар мавзеи Норфолки вилояти Грейт-Ярмут бар асари ба таври бесобиқа боло рафтани мавҷи баҳр сокинон ба ҷойҳои амн интиқол ёфтанд.
XS
SM
MD
LG