Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама: "Ёди Мандела ҷовид хоҳад монд"


Барак Обама, раисиҷумҳури ИМА, дастур дод, ки ба ёди Нелсон Мандела парчами давлатии болои Кохи Сафед пойин карда шавад. Дар суханронии худ дар робита ба даргузашти мубориз бо нажодпарастӣ ва раҳбари пешини Ҷумҳурии Африқои ҷанубӣ ӯ гуфт, ки сайёра яке аз бонуфузтарин ва қавимтарин фарзандони худро аз даст дод. Барак Обама афзуд, ки Мандела умри ҷовид хоҳад дошт.

Бан Ки Мун, Дабири кулли СММ, аз Нелсон Мандела чун “марди бузурги адолат” ном бурд ва афзуд, ки муборизаи ӯ барои озодиву баробарӣ ба мардуми зиёде рӯҳу илҳом бахшидааст.

ФИФА, Федератсиони байнулмилалии футбол ва Кумитаи байнулмилалии олимпӣ (КБО) низ андӯҳи худро аз даргузашти Нелсон эълом доштанд. Раиси КБО Томас Бах изҳор намуд, ки Мандела ба варзиш ва мубориза бо нобаробариҳо миёни одамон таваҷҷуҳи зиёд мекард.

Нелсон Мандела, барандаи Ҷоизаи сулҳи Нобел, рӯзи панҷшанбе дар синни 95-солагӣ аз олам даргузашт. Раиси Ҷумҳурии Африқоии Ҷанубӣ Ҷейкоб Зума хабар дод, ки Мандела ором ва дар ҳалқаи пайвандонаш оламро тарк намуд. Нелсон Мандела моҳи сентябр, баъд аз се моҳи табобат дар бемористон, ба манзилаш дар шаҳри Йоханнесбург интиқол ёфт ва то лаҳзаи вопасин зери назорати табибон қарор дошт. Ӯ моҳҳои ахир ба маризии шуш мубтало шуда буд.

Мандела 27 сол зиндонӣ буд ва ба гуфтаи табибон, вазъи сиҳаташ ҳамон ҷо бад шуда буд.
XS
SM
MD
LG