Гуидо Вестервелле, вазири умури хориҷии Олмон, бо тазоҳургарони тарафдори ҳамоиши Украина бо Иттиҳодияи Аврупо дар майдони Истиқлоли шаҳри Киев мулоқот кард. Виталий Кличко қаҳрамони ҷаҳон дар муштзанӣ ва аз пешвоёни мухолифи давлат дар Украина низ ҳамроҳаш буд. Гуидо Вестервелле гуфт, бо вуҷуди онки ҳукумати Украина, аҳдномаи ҳампаймонӣ бо Иттиҳодияи Аврупоро имзо накард ва ҳамкории наздиктар бо Русияро бартар шуморид, аммо дари иттиҳодия ҳамчунон ба рӯи Украина боз мемонад. Қарори ҳукумати Украина дар ин замина, тазоҳуроти азимеро дар ин кишвар барангехт ва ба ҳадде, ки баъди инқилоби норанҷии соли 2004-ум дида нашудааст. Дар таҳаввулоти дигар, Леонид Кравчук, Леонид Кучма ва Виктор Юшченко, раисони ҷумҳури собиқи Украина бо изҳори ҳамраъйӣ бо тазоҳургарон гуфтаанд, ки “аз амалкарди сулҳҷӯёнаи садҳо ҳазорон ҷавони украинӣ” ҳимоят мекунанд. Айни замон Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, аз хориҷиён хостааст, ки ба умури дохилии Украина дахолат накунанд.