Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон дар меҳвари гуфтугӯи Ҳомиди Карзай бо Навоз Шариф


Ҳомид Карзай ва Навоз Шариф дар мавриди иқдомҳоии амалии барқарори сулҳ дар Афғонистон сӯҳбат кардаанд.

Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон рӯзи шанбе дар як нишасти хабарии муштарак бо нахуствазири Покистон Навоз Шариф дар Кобул гуфт, ки терроризм ва тундгароӣ дар ду кишварро ба хатар рӯбарӯ кардааст. Раиси ҷумҳури Афғонистон гуфтааст, ки меҳвари сӯҳбати ӯ бо Навоз Шариф аз миён бардоштани марказҳои терроризм дар минтақа будааст.

Навоз Шариф, нахуствазири Покистон қабл аз зуҳри шанбе барои бо даъвати ҳукумати Афғонистон бо як сафари якрӯза ба Кобул омад. Ин нахустин сафари Навоз Шариф ба Афғонистон пас аз расидан ба нахуствазирии Покистон мебошад.

Ҳомид Карзай дар ин нишасти хабарӣ гуфт, ки дар дидораш бо Навоз Шариф дар мавриди ҳамкориҳои дуҷониба ва чигунагии иқдомоти амалӣ дар робита ба раванди сулҳи Афғонистон ҳам сӯҳбат кардааст. Оқои Карзай афзуд, ки онҳо дар мавриди ҳамкорӣ ва нақши Амрико дар раванди сулҳи Афғонистон ва ҳамкории муштараки ин се кишвар баҳс кардаанд.

Раиси ҷумҳури Афғонстон дар идома гуфтааст, ки пас аз нишасти сеҷонибаи Афғонистон, Покистон ва Бритониё, равобити ин кишвар бо Покистон беҳбуд ёфтааст. Ӯ ибрози умедворӣ кард, ки гуфтугӯҳо дар мавриди раванди сулҳи Афғонистон бо мақомҳои Покистон натиҷаи мусбат дар пай дошта бошад ва ҳар ду кишвар дар мубориза бо терроризм муваффақ шаванд. Ба гуфтаи раиси ҷумҳури Афғонистон, дар ин дидори вай бо Навоз Шариф дар мавриди густариши равобити иқтисодӣ ва тиҷоратӣ миёни ду кишвар низ сӯҳбат шудааст.

Нахустазири Покистон низ ба ҳимояти кишвараш аз раванди сулҳи Афғонистон таъкид кард ва истиқрори сулҳ дар ин кишварро ба нафъи Исломобод хонд. Навоз Шариф гуфт, ки Покистон барои таъмини сулҳ дар Афғонистон омадаи ҳар гуна ҳамкорӣ аст. Оқои Шариф ҳамчунон соли 2014-и милодиро барои Афғонистон соли муҳим ва сарнавишсоз унвон карда ва гуфт, ки Афғонистон дар ин сол дар баробари доштани фурсатҳо, ба чолишҳо низ рӯбарӯ хоҳад буд.

Навоз Шариф дар идома сӯҳбаташ оид ба раванди сулҳи Афғонистон, дар посух ба суоли хабарнигори радиои Озодӣ гуфт, ки Мулло Бародар-фарди шумораи дувуми Толибон раҳо шудааст ва онҳо дар ин хусус бо ҳукумати Афғонистон механинизмеро эҷод карданд.

Ин бори нахуст нест, ки мақомоти покистонӣ ҳимояташонро аз раванди сулҳи Афғонистон эълом мекунанд, аммо гуфта мешавад, ки иқдомоти амалӣ дар ин хусус камтар рӯи даст гирифта шудааст. Аммо шуморе аз коршиносон ин сафари нахуствазири Покистон ба Кобулро муҳим хонда мегӯянд, ки ин боздид метавонад натиҷаҳои мусбат дар раванди сулҳи ин кишвар дошта бошад.

Cафари нахуствазири Покистон ба Кобул
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:55 0:00
XS
SM
MD
LG