Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Навоз Шариф ба Афғонистон сафар кард


Навоз Шариф, нахуствазири Покистон, рӯзи шанбе зимни сафари якрӯзааш ба Кобул масоили шурӯъи музокироти сулҳ бо Толибонро бо Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон баррасӣ мекунад. Масъалаи дигари гуфтугӯи ду тараф, иҷрои тарҳҳои энержии муштарак барои таъмини нерӯи барқ дар Афғонистону Покистон аст, ки ҳард мӯҳтоҷи нерӯи барқанд. Навоз Шариф баъди интихобаш ба мақоми нахуствазир бори аввал аст, ки ба Афғонистон сафар мекунад. Ҳомиди Карзай борҳо аз ӯ хостааст, дар музокироти сулҳ бо Толибон мусоидат кунад ва имкони мулоқот бо як раҳбари ин гурӯҳро фароҳам созад, ки чанде пеш Покистон ӯро аз зиндон раҳо кард. Бисёре аз раҳбарони Толибон дар Покистон паноҳ мебаранд ва Кобул мехоҳад, давлати Навоз Шариф онҳоро ба музокироти сулҳ бо ҳукумати Афғонистон мойил кунад. Ҳукумати Кобул борҳо гуфтааст, ки Покистон ба Толибон дар анҷоми ҳамлаву бомбгузориҳо дар дохили Афғонистон кӯмак мекунад. Навоз Шариф баъди расидан ба қудрат гуфт, ки беҳбуд дар равобит бо Афғонистон аз авлавиятҳои кораш хоҳад буд.
XS
SM
MD
LG