Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбарони Эрон аз созиш дар Женева истиқбол карданд


Раҳбарони Эрон аз ҳосил шудани созиш бо шаш қудрати ҷаҳонӣ дар музокирот оид ба барномаи ҳастаии кишвар дар Женева ва аз сӯи ҷомеъаи ҷаҳонӣ эътироф шудани ҳаққи Теҳрон барои пажуҳишҳои ҳастаӣ истиқбол карданд.

Раҳбари аъзами Эрон Оятуллоҳ Алии Хоманеӣ рӯзи якшанбе гуфт, ки ин тавофуқ метавонад пояи барои пешрафти бештар дар оянда бошад. Раисиҷумҳури Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ аз эътироф шудани ҳаққи кишвар барои ғанисозии ураниум истиқбол намуд ва бори дигар такрор кард, ки Теҳрон ҳеҷ талоше барои соҳиби силоҳи ҳастаӣ шудан надорад.

Бомдоди якшанбе хабар расид, ки Эрон ва “шашгона” – панҷ узви доимии Шӯрои амниятии СММ ба изофаи Олмон пас аз панҷ рӯзи гуфтугӯҳои душвор ба тавофуқ расиданд. “Шашгона” ба Эрон пешниҳод карда буд, ки ба ивази коҳиши таҳримҳои байнулмилалӣ бархе аз бахшҳои барномаи ҳастаии худро мутаваққиф кунад.

Рӯзи якшанбе расонаҳо ҷузъёти созишро нашр кардаанд, ки бар пояи он бояд чаҳор миллиард доллар аз маблағҳои мунҷамидшудаи Эрон озод шавад. Ҳамзамон фаъолиятҳо дар пойгоҳҳои ҳастаии Арок, Натанз ва Фарду густариши бештаре надошта бошад ва ғанисозии зери панҷ дарсада идома ёбад. Дар созишнома ҳаққи ғанисозии ураниум аз сӯи Эрон эътироф шудааст.
XS
SM
MD
LG