Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳоии се зан аз ғуломии 30-сола дар Лондон


Полиси Бритониё рӯзи панҷшанбе се занеро наҷот дод, ки тайи 30 сол дар як манзил дар Лондон чун ғулом нигаҳ дошта мешуданд. Ба иттилои Скотланд Ярд, ҷавонтарини онҳо хонуми 30-солаи бритониёвӣ ва кӯҳансолтаринаш сокини 69-солаи Малайзия будаанд. Хонуми саввум аз Ирландия аст ва 57 сол дорад.

Ба гуфтаи полис, вазъи рӯҳии занҳо басо вахим аст. Онҳо ба ҷойи амн интиқол дода шудаанд. Полис ба ин қазия баъд аз шикояти яке аз занҳо дахолат кард, ки мегуфт беш аз 30 сол боз ӯро бидуни ихтиёраш дар як манзил дар Лондон нигаҳ медоранд.

Дар ҷаҳорчӯби тафтиши ин ҳодиса дар ҷануби Лондон зану марди кӯҳансол боздошт шудаанд, ки алҳол ному насабашон махфӣ нигаҳ дошта мешавад.
XS
SM
MD
LG