Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гурҷистон ҳукумати нави худро ба тасвиб расонд


Ираклӣ Гарибашвилӣ кобинаро ба порламон муарифӣ мекунад
Ираклӣ Гарибашвилӣ кобинаро ба порламон муарифӣ мекунад
Порламони Гурҷистон дар иҷлоси рӯзи чаҳоршанбеи худ аъзои кобинаи нави ин кишварро ба тасвиб расонд. Раҳбарии ин кобинаро Ираклӣ Гарибашвилӣ бар уҳда дорад. Вай 31 сола аст. Аз моҳи октябри соли гузашта то ҳол Гарибашвилӣ вазири дохилаи кишвар буд.

Дигар ҳамаи аъзои кобинаи давраи Бидзина Иванишвилӣ мақомҳои худро дар кобина ҳифз карданд. Гарибашвилӣ ҳангоми муаррифии барномаи худ изҳор дошт, ки Гурҷистон ҳамчунон талош хоҳад кард, ки ба узвияти паймони НАТО дарояд, ба сатҳи рушди устувор бирасад ва сатҳи фақру бекориро дар кишвар поин барад.
Бино ба ислоҳоте, ки чанд рӯз пеш дар Қонуни Асосии Гурҷистон ворид шуд, салоҳиятҳои раиси ҷумҳур дар ин кишвар коҳиш ёфт ва он ба нахуствазир дода шуд.
XS
SM
MD
LG