Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Cадамаи фоҷиабори қатори боркаш ва чанд мошин дар Миср


Дар Миср қатори боркаш ба микроавтобус ва чанд мошини дигар бархӯрд, ки дар натиҷа дасти кам 24 нафар ба ҳалокат расида, тақрибан 30 каси дигар ҷароҳат бардоштанд. Садама дар 40-километрии ҷануби Қоҳира рӯй дод. Мошинҳо ва қатор, ки сӯи шаҳри Бени Сайф ҳаракат мекард, дар гузаргоҳи роҳи оҳан бо ҳам бархӯрданд.

Ба гуфтаи мақомоти маҳаллӣ, аксари мусофирони микроавтобус аъзои як хонавода буданд, ки ба тӯй мерафтанд.

Сабабҳои фоҷиа таҳқиқ мешавад. Масъулини идораи роҳи оҳани Миср изҳор намуданд, ки ронандагони мошинҳо бо вуҷуди сигнали мамнӯъ талоши убур аз роҳи оҳанро кардаанд.
XS
SM
MD
LG