Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамоиши бахшида ба рушди Исфара


27 ноябр дар Исфара ҳамоиши сармоягузорон баргузор мешавад. Интизор меравад, ки дар ин ҳамоиш сармоягузорони дохиливу хориҷӣ ширкат кунанд. Дар он масъалаҳои сармоягузорӣ дар бахшҳои мухталифи шаҳри Исфара, аз ҷуммла сармоягузорӣ дар зербанои он баррасӣ мешавад.

Ҳукумати Тоҷикистон, UNDP ва UNICEF дар баргузории ҳамоиш ба созмондиҳандагони он кӯмак мекунанд. Интизор меравад, ки бештар аз 100 ширкати дохилӣ ва 25 ширкати хориҷӣ ва ҳамчунин намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мақомоти расмӣ дар ин ҳамоиш ширкат ҷӯянд.

Дар ҷараёни баррасиҳо мақомоти раҳбарии Исфара нақшаи рушду тавсеаи шаҳр барои солҳои 2013-2017-ро ба ҳозирин пешкаш хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG