Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тасвиби нақшаи тахриби силоҳи Сурия


Созмони ҷаҳонии манъи аслиҳаи кимёӣ
Созмони ҷаҳонии манъи аслиҳаи кимёӣ
Созмони ҷаҳонии манъи аслиҳаи кимёӣ рӯзи ҷумъа нақшаи расмии тахриби аслиҳаи кимёии Сурияро ба тасвиб расонд, бо вуҷуди он, ки Албания мизбонии амалиёти тахрибро рад кардааст. Созмони мазкур баъд аз мулоқоти тӯлонӣ нақшаи тахриби ин аслиҳаро пазируфт, вале нагуфт, ки ин захираи марговар ба куҷо хоҳад рафт.

Сурия мехоҳад, ки ин аслиҳа дар берун аз ин кишвар аз байн бурда шавад. Пештар Эдӣ Рама-нахуствазири Албания эълон карда буд, ки “Албания имкони ширкат дар ин амалиётро надорад”. Дар остонаи ин изҳорот дар Албания тазоҳуроти эътирозӣ баргузор шуд.

Амрико аз Албания хоста буд, ки дар ин амалиёт ширкат ҷӯяд. Хонум Ҷэн Псакӣ-сухангӯи вазорати корҳои хориҷаи Амрико гуфт, даст кашидани Албания аз ширкат дар ин амалиёт ба муносиботи Амрикову Албания халал намерасонад.
XS
SM
MD
LG