Сафири нави ИМА дар Ҷопон Кэролайн Кеннеди, духтари раисиҷумҳури пешини ИМА Ҷон Кеннеди, рӯзи ҷумъа ба Токио омад.
Кэролайн Кеннеди аввалин зан-сафири Амрико дар Ҷопон аст. Интизор меравад, ки рӯзи сешанбе ӯ ваколатномаи худро ба императори Ҷопон Акихито супорад.
Хонум Кеннеди соли 2008 аз номзадии Барак Обама дар интихоботи президентии Амрико пуштибонӣ кард ва дар маъракаи пешазинтихоботии ӯ ширкат намуд.
Кэролайн Кеннеди дар ҳоле ба ифои вазифаи сафири Амрико дар Ҷопон шурӯъ мекунад, ки баъд аз чанд рӯз аз кушта шудани падараш Ҷон Кеннеди 50 сол сипарӣ мешавад. Ҷон Кеннеди аз моҳи январи соли 1961 то моҳи ноябри соли 1963 раисиҷумҳури Амрико буд.