Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар як маҳаллаи Самарқанд се рӯз газу барқро қатъ карданд


Дар Хӯҷасоати мавзеи Сартеппаи Самарқанд 5 ноябр қариб 100 нафар сокинон роҳи автомобилрави ин мавзеъро бастанд. Сокинони маҳаллӣ маҷбур шуданд ба ин тартиб норизоятии худро ба қатъи барқу газ баён кунанд.

Бино ба гуфтаи як манбаи радиои Озодӣ, рузҳои 2, 3, 4 ноябр газу барқро ба сокинони ин маҳалла қатъ кардаанд ва онҳо аз сарчашмаҳои гармидиҳӣ ва рӯшанидиҳӣ дар ин муддат комилан маҳрум мондаанд. Вай гуфт, ки муроҷиати такрор ба такрори сокинон ба идораҳои дахлдор натиҷа набахшид ва сабри онҳо ба нуқтаи ахир расид. Барои ҳамин онҳо маҷбур шудаанд, ки ба роҳи автомобилгарди маҳалла баромада нишинанд ва роҳро бибанданд.

Ин нишасти эътирозиро асосан занону духтарони маҳалла ташкил кардаанд ва мардон дар он ширкат надоштаанд. Барои он занон бештар ба ин эътироз баромада буданд, ки аз як сӯ корҳои рӯзгор, аз қабили пӯхту паз, бештар бар дӯши онҳост ва аз сӯи дигар бо назардошти суннатҳои маъмул пароканда кардани эътирози занҳо ва ё боздошти занҳо ба кормандони пулис обурӯ намедиҳад.

Эътирозгарон мулоқот бо мақомоти шаҳрдориро талаб мекарданд, то мушкили худро бо онҳо дар миён гузоранд ва ҳал кунанд. Манбаи радиои Озодӣ гуфт, дар посух ба дархости эътирозгарон Салоҳиддинов-муовини раиси вилояти Самарқанд, Сафаров-шаҳрдори Самарқанд ва раиси пулиси шаҳр ба назди занони эътирозгар омадаанд ва ваъда додаанд, ки ба онҳо газу барқ медиҳанд ва онҳо бояд роҳи автомобилравро боз кунанд. Вале занон маҳали эътирозро тарк накардаанд ва пофишорӣ кардаанд, ки танҳо дар сурати додани барқу газ ба маҳалла онҳо ба нишасти эътирозии худ хотима медиҳанд.

Ба маҳала баъд аз як соат дубора барқу газ додаанд ва занон роҳро боз кардаанд. Вале занон ба Салоҳиддинов-муовини раиси вилоят ва ба Сафаров-шаҳрдори Самарқанд ҳушдор додаанд, ки агар бори дигар сокинонро бесабаб аз барқ ё газ маҳрум кунанд, онҳо на танҳо нишасти эътирозӣ барпо мекунанд, балки ба роҳ баромада, дар он ҷо хоб мекунанд.

Ба гуфтаи манбаи радиои Озодӣ, ки дар Хӯҷасоат зиндагӣ мекунад, идораҳои барқ ва гази маҳаллӣ сокинонро беасос қарздор баровардаанд. Вай мегӯяд, аз 1200 хонаводае, ки дар ин маҳалла зиндагӣ мекунанд, сокинони 800 хонавода дар корхонаҳои давлатӣ кор мекунанд ва ҳар моҳ идораҳои газу барқ мунтазам пули барқ ва газро аз ҳисоби моҳонаи онҳо мегиранд. Вале қарзе, ки барои сокинони ин маҳалла пешниҳод кардаанд, ба воқеият дуруст намеояд ва беш аз меъёрест, ки сокинон истифода кардаанд. Касе аз мақомоти идораҳои дахлдор намегӯяд, ки онҳо чунин ҳисобҳоро аз куҷо мегиранд. Вале манбаи радиои Озодӣ мегӯяд, мақомот қабл аз рафтан ба занони эътирозгар қавл додаанд, ки баъд аз 10 ноябр онҳо бо барқу гази доимӣ таъмин хоҳанд шуд.

Радиои Озодӣ барои дарёфти тавзеҳоти бештар дар бораи изофанависӣ ва пеш омадани чунин вазъ дар Хӯҷасоат ба шаҳрдории Сакмарқанд телефонӣ тамос гирифт. Вале онҳо нахостанд ба суолҳо ҷаҳоб диҳанд ва телефонро гузоштанд.


Садриддин Ашур, радиои Озодӣ

XS
SM
MD
LG