Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тӯфон дар Филиппин эҳтимолан 10 ҳазор нафарро куштааст


Мақомоти Филиппин мегӯянд, ки эҳтимолан бар асари тӯфон дар ин кишвар, 10 ҳазор нафар кушта шудаанд.

Дар маркази вилояти тӯфонзадаи Лейте, пулис гуфтааст, гумон меравад 10 ҳазор нафар дар ин минтақа дар асари вазиши тӯфони шадид ҷони худро аз даст дода бошанд.

Ба гузориши хабаргузории Фаронса, як мақоми пулиси маҳаллӣ гуфтааст, шаби гузашта бо мақомоти ин вилоят ҷаласаи изтирорӣ доштаанд ва шумораи кушташудагон ҳудуди 10 ҳазор нафар тахмин зада мешавад.

Дар вилояти Самар дар шарқи Филиппин, мақомот мегӯянд, ки дастикам 300 тан дар натиҷаи туфон кушта шуда ва ду ҳазор нафар низ бенишон шудаанд.

Рӯзи гузашат мақомоти Филлипин гуфта буданд, мумкин аст, бар асари бедодгарии тӯфони Ҳайан, дасти кам 100 нафар кушта шуда бошад. Мақомоти вазорати ҳолатҳои фавқуллодаи Филлипин гуфтанд, ки дар кӯчаҳои шаҳри Таклобан ҷасадҳо ба назар мерасанд. Тӯфони қавӣ дар Филлипин хонаҳоро ба замин яксон кард, сабаби лағшиши хок шуд ва хатҳои барқу телефонро аз байн бурд.

Гирдбоди бархоста аз ин тӯфон суръати наздик ба 320 километр дар як соат дошта ва то кунун миллионҳо нафарро водор ба гурехтан аз маҳали зисти худ ва ҷустани сарпаноҳ кардааст.




XS
SM
MD
LG