Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шикояти норвегиҳо аз бадрафтории полиси Русия


Хабарнигорон аз Норвегия аз рафтори зишту дурушти кормандони полиси Русия ҳангоми сафарашон ба шаҳри Сочи шикоят карданд.

Бар пояи иттилои торнамои созмони дидбони ҳуқуқи башар Human Rights Watch, хабарнигори шабакаи телевизионии TV2-и Норвегия Эйстен Боген ва наворбардор Огге Эюн тайи се рӯз шаш бор аз сӯи кормандони умури дохилӣ боздошт шуда, се бор онҳоро барои бозпурсӣ ба шӯъбаи полис бурданд.

Онҳо аввал ба шаҳри Майкоп ва баъдан тавассути мошин ба Сочи ва Туапсе рафтанд. Дар ҳамаи шаҳрҳо онҳоро боздошт ва бозҷӯӣ карданд. Дар шаҳри Майкоп аз Эйстен Боген хостанд, ки санҷиш барои истеъмол кардан ё накардани маводи мухадирро гузарад ва чун хабарнигори норвегӣ сарпечӣ кард, ба ӯ гуфтанд, ки сарпечӣ маънои иқрори гуноҳро дорад.

Эйстен Боген ва Огге Эюн маҷбур шуданд, ки ба сафорати Норвегия дар Маскав телефон кунанд ва фақат баъд аз ин кормандони полис онҳоро раҳо карданд.
XS
SM
MD
LG