Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афроди ношинос додситони Зобулро тирборон карданд


Расонаҳои эронӣ дар бораи бар асари ҳамлаи террористӣ кушта шудани додситон дар вилояти Сиистон-Балуҷистон хабар доданд.

Иброҳим Ҳамидӣ, раиси додгоҳи вилоят, рӯзи чаҳоршанбе гуфт, афроди ношинос мошини додситони шаҳри Зобул Мусо Нуриро тирборон карданд. Дар ин ҳодиса ронандаи мошини додситон ҳам ба ҳалокат арсидааст. Зобул дар наздикиҳои марз бо Афғонистон ҷойгир аст. Дар Сиистон-Балуҷистон асосан мардуми суннимазҳаб ба сар мебаранд.

Ахиран гурӯҳи суннии Ҷайш ул-Адл масъулияти ҳамла ба марзбонҳои эрониро дар марз бо Покистон бар дӯш гирифт. Дар он ҳамла 14 марзбон ба ҳалокат расида буданд. Эрон дар посух ба ин гуфт, ки 16 “ошубгар” – ҳашт мусаллаҳи суннӣ ва ҳашт қочоқбари маводи мухаддирро эъдом кардааст.
XS
SM
MD
LG