Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати корманди вазорати корҳои хориҷа дар садамаи нақлиётӣ


Парвиз Кабиров, корманди раёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва писари Мизроб Кабиров, раиси дастгохи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон дар як садамаи нақлиётие дар шаҳри Душанбе ба ҳалокат расидааст. Аз вазорати корҳои хориҷӣ бо тасдиқи ин хабар ба радиои Озодӣ гуфтанд, ки Парвиз Кабиров, шаби 3-юми ноябр дар як садамаи нақлиётӣ ба ҳалокат расидааст ва ҷанозааш, рӯзи 4-уми ноябр дар манзили истиқоматияш дар Душанбе гузаронида шуд.

Манбаъ афзуд, ки Парвиз Кабиров дар раёсати консулии вазорат ба ҳайси коргари қаторӣ кор мекард.

Тибқи хабарҳо Парвиз Кабиров дар мошини ба садма дучоршуда ба ҳайси мусофир қарор дошт, ҳамчунин дар ин садама ду нафари дигар ба ҳалокат расидааст.
XS
SM
MD
LG