Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хадамот баста шудани дафтараш дар Маскавро такзиб кард


Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон хабари расонаҳо дар мавриди қатъ шудани фаъолияти намояндагии худ дар Маскавро рад кард.

Бархе аз расонаҳои Тоҷикистон ҳафтаи гузашта навиштанд, ки мақомоти Русия фаъолияти намояндагии Хадамоти муҳоҷират ва Хадамоти шиносномадиҳии Тоҷикистонро, ки дар бинои меҳмонхонаи "Тоҷикистон», воқеъ дар кӯчаи Тверская-Ямская, 2-и шаҳри Маскав, қарор дорад, муваққатан бастанд.

Дафтари матбуоти Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон рӯзи 4-уми ноябр ба радиои Озодӣ гуфт, ки хабар дар мавриди боздошти фаъолияти намояндагии Хадамоти муҳоҷират ва Хадамоти шиносномадиҳии Тоҷикистон, ки рӯзи 31-уми октябр дар расонаҳои дохилӣ ба нашр расидааст, комилан асосе надорад ва ин намояндагиҳо фаъол буда, дари онҳо баста намебошад.

Хадамоти муҳоҷират мегӯяд, «мо ба ин расонаҳо нодуруст будани ин хабарро таъкид кардем, вале онҳо боз ин хабари беасосро нашр кардаанд ва бори дигар таъкид мекунем, ки намояндагии Хадамоти муҳоҷират ва Хадамоти шиносномадиҳии Тоҷикистон дар Маскав фаъол мебошад."

Расонаҳои хабарии дохили кишвар мегӯянд, ки дар бораи қатъи фаъолияти ин ду намояндагӣ ба онҳо тоҷикони муқими Маскав гуфтаанд. Аз ҷумла хабаргузории TojNews аз қавли тоҷикони муқими шаҳри Маскав хабар дода буд, ки, дар ин бино намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия, нуқтаи шиносномадиҳӣ ва идораи хабаргузории "ТоҷИнфо" ҷой доштаанд ва мақомоти Русия дар ҳафтаи гузашта фаъолияти онҳоро муваққатан бастанд.

Ин расона бо такя ба ҳамсуҳбатони худ хабар додааст, ки кормандони мақомоти Русия онҳоеро, ки дар бино ҳузур доштанд, боздошт намуда, барои бозпурсӣ ҳамроҳ бо худ бурдаанд.

Ин ҳодиса дар рӯзҳое иттифоқ афтодааст, ки Сафиаллоҳ Девонаев, сардори Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Маскав қарор дошта ва Созишнома дар мавриди иҷозаи кори се соларо бо ҳамтори руси худ Константин Ромодановский ба имзо расонида буд.
XS
SM
MD
LG