Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Керрӣ хостори ислоҳоти демократӣ дар Миср хоҳад шуд


Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии ИМА рӯзи якшанбе вориди Қоҳира шуд. Ин нахустин сафари ӯ ба Миср баъди барканории раисиҷумҳур Муҳаммад Мурсист. Қарор аст, ки дар музокирот бо мақомоти муваққати Миср ӯ хостори ислоҳоти демократӣ дар ин кившари арабӣ шавад.

Сафари Ҷон Керрӣ ба Қоҳира дар арафаи мурофиаи додгоҳии Муҳаммад Мурсӣ, ки дар таҳрик барои куштори эътирозгарон дар канори Кохи раёсатҷумҳурӣ дар тақрибан як соли пеш айбдор мешаад, шурӯъ шуд.

Аз ин пеш Вошингтон бархе аз кӯмаки ҳамасолаи худ ба маблағи 1,5 миллиард долларро бо далели адами пешрафти демократӣ ва хушунат алайҳи ҷонибдорони Муҳаммад Мурсӣ мунҷамид карда буд.

Ҷон Керрӣ дар ҷараёни сафари нӯҳрӯзааш ба минтақа ҳамчунин аз Арабистони Саудӣ, Исроил, Урдун ва Алҷазоир дидан мекунанд.
XS
SM
MD
LG