Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Покистон дар робита ба марги Маҳсуд ба ИМА эътироз кард


Дар Покистон баъди ҳалокати Маҳсуд чораҳои амниятӣ ташдид ёфтанд
Дар Покистон баъди ҳалокати Маҳсуд чораҳои амниятӣ ташдид ёфтанд
Исломобод дар робита ба кушта шудани раҳбари Таҳрики Толибон бар асари зарбаи ҳавопаймои бесарнишини амрикоӣ ба ҳукумати ИМА эътироз баён кард. Сафири Амрико дар Исломобод ба вазорати умури хориҷии Покистон эҳзор шуд.

Аз ин пеш вазири умури дохилӣ ва назорат аз болои маводи мухаддири Покистон Чадрӣ Нисор Алӣ Хон Амрикоро дар латма задан ба музокироти сулҳ бо Толибон айбдор намуд.

Раҳбари пешини Таҳрики Толибони Покистон Ҳакимуллоҳ Маҳсуд рӯзи ҷумъа бар асари зарбаи ҳавопаймои бесарнишин кушта шуд. Бар пояи бархе хабарҳо, рӯзи шанбе дар шаҳри Мироншоҳ маросими ҷанозаи ӯ баргузор гардид.

Рӯзи шанбе Хон Саид Сайна, раҳбари нави гурӯҳи Таҳрики Толибони Покистон интихоб шуд. Ба иттилои Радиои Машъал, бахши покистонии Радиои Озодӣ, номи раҳбари нави гурӯҳро рӯзи шанбе дар як ҷаласаи махфии фармондеҳони Таҳрики Толибони Покистон дар як мавзеи Вазиристони Шимолӣ, минтақаи ҳаммарз бо Афғонистон, эълон карданд.

Хон Саид Сайна аз созмондиҳандагони ҳамла ба як маҳбаси воқеъ дар шимолу ғарби Покистон дар соли 2012 аст – он вақт тақрибан чаҳорсад маҳбус, аз ҷумла, чанд фармондеҳи Толибон аз зиндон фирор карданд. Ӯ ҳамчунин ба чанд ҳамлаи дигар, аз ҷумла, ба пойгоҳи ҳарбиву баҳрӣ дар шаҳри Карочӣ дар соли 2011 даст дорад.
XS
SM
MD
LG