Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барномаи кӯчонидани муҳоҷирони экологӣ тасдиқ шуд


Ҳукумати Тоҷикистон «Барномаи миёнамӯҳлати муташаккилона кӯчондани муҳоҷирони экологӣ барои солҳои 2014-2016-ро тасдиқ кард. Абдуфаттоҳ Шарифов, сухангӯи президенти Тоҷикистон рӯзи 31 октябр ба радиои Озодӣ гуфт, ки субҳи имрӯз таҳти раёсати президент Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии ҳукумат баргузор гардид. Вай афзуд, ки дар оғози ҷаласа «Нақшаи миёнамуҳлати муташаккилона кӯчондани муҳоҷирони экологӣ барои солҳои 2014-2016 тасдиқ карда шуд.

Дар ин ҷаласа Консепсияи сиёсати ҳуқуқии ҷиноят дар Тоҷикистон тасвиб шуд, ки ин санад маҷмӯи қонунҳои марбут ба ҷиноятҳоро дар бар гирифта, сиёсати ҳуқуқии ононро мушаххас кардааст.

Дар ҷаласа ҳамчунин Қоидаҳои бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ, соҳибкорони инфиродӣ, филиал ва намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷӣ тасвиб гардид. Дар ҷаласаи ҳукумат барои сохтмони манзили зист барои футболбозони дастаи «Хайр» дар ноҳияи Ваҳдат беш аз 6 ҳектор замин ҷудо кардааст.
XS
SM
MD
LG