Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

$ 81,4 миллион қарзи "Барқи тоҷик" ва нигаронии масъулони "Сангтуда-1"


Маъмурияти нерӯгоҳи Сангтӯда-1 мегӯяд, ки мизони қарзи ширкати «Барқи Тоҷик» дар назди нерӯгоҳ дар ҳоли афзоиш аст. Дафтари матбуоти нерӯгоҳи "Сангтуда-1" рӯзи 31-уми октябр ба радиои Озодӣ гуфтт, ки сарфи назар аз афзоиши талаботи бозори нерӯи барқ аз Сангтуда-1, вазъият дар мавриди пӯшиш додани қарзи ширкати «Барқи тоҷик» дар назди нерӯгоҳ сангинтар шуда истодааст. Масъулони ин нерӯгоҳ мегӯянд, қарзи «Барқи тоҷик» ҳамчун харидори ягонаи барқи "Сангтӯда-1" то 1-уми октябри соли равон ба 388 миллион сомонӣ ё муодили 81,4 миллион доллари ИМА баробар шудааст. Чунин вазъият имкон намедодааст, ки неругоҳ музди коргарони худро пардозад ва барои тармиму нигоҳдории вазъи фании агрегатҳои Сангтуда-1 сарфу харҷ кунад. Дар ҳамин ҳол як намояндаи ширкати «Барқи тоҷик» гуфт, ки барои пардохтани қарзи Сангтуда-1 машваратҳои дуҷониба идома дорад ва тайи чанд моҳи охир ширкати «Барқи тоҷик» ҳармоҳа ҳудуди 10 миллион сомонӣ ба ҳисоби нерӯгоҳ ворид мекунад.
Павел Лавров, мудири кулли нерӯгоҳи Сангтӯда-1 дар як баёнияи худ гуфтааст, ки маблағи «Барқи тоҷик», ки ҳар моҳ 10 милион сомонӣ интиқол медиҳад иқдоми нек аст, вале ин ҳам барои бароварда сохтани ниёзмандиҳои дохили нерӮгоҳ кофӣ нест.
Вай мегӯяд, дар фасли зимистон талаботи Тоҷикистон бо нерӯи барқи Сангтуда-1 боз ҳам бештар мешавад ва дар ивази ин маблағ қисман мешавад, ки аҳолии ин кишварро барқ дод. Вай изҳори умедворӣ кардааст, ки бо оғози мавсими тирамоҳу зимистон азбаски мардуми Тоҷкистон ба барқ ниёзи шадид пайдо мекунанд ва имкон дорад ширкати «Барқи тоҷик» масъалаи пушиш додани қарзи худ дар назди неругоҳоро беҳтар хоҳад кард.

Нерӯгоҳи «Сангтуда -1», 25 дарсади саҳмияҳояш ба Тоҷикистон ва боқимонда ба Русия тааллуқ доранд,
XS
SM
MD
LG