Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳ баҳси ҲНИТ бо шабакаҳои телевизиониро қатъ кард


Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ баҳcи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо шабакаҳои телевизиони давлатиро қатъ кард.

Додгоҳи Исмоили Сомонӣ бо назардошти ин, ки барномаи «антинаҳзат» дар шабакаҳои телевизионӣ на бо иқдоми кормандони шабакҳои телевизионӣ, балки бо кӯшиши ҳукуматҳои маҳалӣ пас аз харидани вақти барномаҳои телевизонӣ сурат гирифтааст, баҳси додгоҳӣ миёни ҲНИТ ва шабакаҳои телевизиониро аз истеҳсолоти додгоҳӣ хориҷ кард.

Бузургмеҳр Ёров, вакили муқофеи ҲНИТ рӯзи 25-уми октябр ба радиои Озодӣ гуфт, ки рӯзи панҷшанбе додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ баҳси Ҳизби наҳзати исломӣ бо шабакаҳои телевизиони давлатиро аз истеҳсолот хориҷ кард ва бо ҳамин, ба даъвои ҳизб дар баробари масъулони шабакаҳои телевизиони давлатӣ поён дода шуд: «Дар мурофиаи ахир вақте намояндаҳои шабакаҳои "Ҷаҳоннамо", "Шабакаи аввал" ва "Сафина" бо аризаи расмӣ арз карданд, ки ин намоишҳои «антинаҳзатӣ» бо иқдоми масъулин ва кормандони худи шабакаҳои сурат нагирифтааст, мо низ розӣ шудем ба баҳс хотима дода шавад.»

Ба гуфтаи ҷаноби Ёров, намояндагони шабакаҳои мазкур гуфтаанд, ки ин барномаҳо аз тарафи ҳукуматҳои маҳалӣ ва идораҳои махсус дар шакли намоиши тайёр дар фиттаҳо ва пас аз харидани вақти ТВ пахш шудаанд: «Пас аз гирифтани қарори додгоҳи ноҳияи Исмоил Сомонӣ, мо алайҳи ҳукуматҳои маҳаллӣ ба Додгоҳи иқтисодӣ муроҷиат хоҳем кард.»

Ҳафтаи гузашта ба далели аризаи ҷавобии шабакаҳои телевизонии давлатӣ ба даъвои ҲНИТ, додгоҳ барои ошноӣ бо аризаҳо, мурофиаро то рӯзи панҷшанбе мавқуф гузошта буд. Ҷаноби Ёров меафзояд, ки тақрибан ба ин мазмун ҳам телевизиони «Ҷаҳоннамо» ва ҳам шабакаҳои дигари давлатӣ ариза пешниҳод кардаанд ва иддаои ҲНИТ-ро дар хусуси ин, ки Кумитаи телевизион ва радио махсус зидди ҳизб иқдом кардааст, рад кардаанд.

Бузургмеҳр Ёров
Бузургмеҳр Ёров
Ҳизби наҳзати ислом-умдатарин ташаккули мухолифини Тоҷикистон дар авоили моҳи сентябр ба додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ даъво бурда буд, ки шабакаҳои давлатии телевизионӣ туҳмату буҳтон ва бадномсозиҳои ин ҳизбро хотима диҳанд ва расман узр пурсанд. Тайи моҳҳои охир тавассути тақрибан ҳамаи 4 шабакаи давлатӣ намоишҳое нашр шуданд, ки дар он ба шиддат аз фаъолияти Ҳизби наҳзати исломӣ интиқод шуда ва мусоҳибон, ки асосан фаъолони собиқи ин ҳизб дар навоҳии мухталиф буданд, аз узвият дар ҳизби наҳзат даст кашида, вуҷуди чунин ҳизберо дар кишвар нозарур мехонданд.

Ҳизби наҳзати исломӣ ин намоишро сохтаву ҳадафмандона ва маъракаи барномарезишудае ба хотири бадном сохтанаш медонад. Ба қавли мақомоти ҳизб, аъзои собиқи ин ташаккулро маъмулан таҳти фишор маҷбур мекунанд, ки дар пеши микрофон лаб ба танқиди он бикушоянд.

Додгоҳи Исмоили Сомонӣ таҳти раёсати муовини раиси додгоҳ Ҳафиз Темиров рӯзи 8-уми октябр баррасии даъвои ҳизби наҳзат алайҳи се шабакаи давлатии телевизионӣ - Шабакаи аввал», «Сафина» ва «Ҷаҳоннамо»-иро шурӯъ карда, ба намояндагони Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон ва ин шабакаҳо то 14-уми октябр мӯҳлат дод, ки назари худро дар робита ба ин даъво ироа кунанд.
XS
SM
MD
LG