Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Наҳзатиҳо ба Додгоҳи конститутсионӣ шикоят бурданд


Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон рӯйхатеро ба додгоҳ пешниҳод кард, ки дар он аз нақзи ҳуқуқи аъзои ин ҳизби исломӣ шикоят шудааст.

Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизб дар дархосте аз Додгоҳи конститутсионӣ, мансабдорони давлатӣ аз вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Кумитаи радио ва телевизион ва Кумитаи динро барои нақзи Сарқонун ва ҳуқуқҳои конститутсионии аъзояш муттаҳам кардааст.

Дар ин дархост тамоми ҳаводис – шурӯъ аз латукӯби Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода, сардабири ҳафтаномаи «Наҷот» дар моҳи феврали соли 2011 то латукӯби Муҳаммадалии Ҳайит, муовини раиси ҲНИТ ва ихроҷи иҷбории аъзо аз ҲНИТ дар маҳаллҳо як ба як зикр шудаанд.

Раиси ҲНИТ навиштааст, ки дар асоси дархости ӯ мурофиаи конститутсионӣ оғоз карда шавад ва амалҳои шахсони масъули давлатӣ ва ҳукумати Тоҷикистон ба моддаҳои 28 ва қисми дуюми моддаи 73–и Сарқонуни Тоҷикистон бобати фишор додани аъзоёни ҲНИТ ғайриконститутсионӣ шумурда шавад.

Ин аввалин муроҷиати раҳбарияти ҲНИТ ба Додогоҳи конститутсионии Тоҷикистон аз фишорҳо сари аъзояш аст. Дар гузашта барои ошкор кардани ҳаққонияти санади маъруф ба Протоколи 32–20 ин ҳизб ба Додситонии кулли Тоҷикистон муроҷиат карда буд, аммо посух расмӣ дарёфт накард.

Тайи ду соли ахир расонаҳои Тоҷикистон дар бораи фишорҳо алайҳи ҲНИТ матолиби зиёде пахш карда, ин маъракаро «антинаҳзат» ба хотири коҳиш додани обрӯи ин ҳизби исломгаро унвон кардаанд.

Мақомот на як бору ду бор ғайримустақим тариқи ниҳоди, ба истилоҳи мардум, «фабрикаи ҷавоб» ҲНИТ–ро шакли тағйиркардаи созмонҳои ифротиву террористӣ унвон кардаанд.
XS
SM
MD
LG