Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"ИМА феҳристе аз сарони ҷаҳонро барои шунидан доштааст"


Рӯзномаи «Guardian» чопи Лондон ахбори вобаста ба гӯш кардани телефонҳои раҳбарони ҷаҳон аз сӯи Созмони амнияти милии Амрикоро нашр кардааст.

Ин рӯзнома рӯзи панҷшанбе гузоришеро бар асоси "санаде аз асноди Эдвард Сновден" мунташир кард, ки бар асоси он, як мақоми амрикоӣ феҳристе аз 200 шумораи телефон таҳия карда ва аз сомзмони амнияти миллӣ хостааст то онҳоро зери назар бигирад. Дар миёни 200 шумораи телефон, 35 тан аз раҳбарони ҷаҳон низ вуҷуд дорад. Эдвард Сновден, ҷосуси пешини созмонҳои истихборотии Амрико мебошад, ки мавзӯи шунидани телефонҳоро ошкор кард ва акнун дар Русия паноҳанда мебошад.

Ин мавзӯъ танҳо андаке пас аз тозатарин гузоришҳо дар мавриди шунидани муколамаҳои шаҳрвандони хориҷӣ в мақомҳои олирутбаи сиёсии кишварҳои дигар мунташир мешавад ва бисёре ба ин бовар ҳастанд, ки нишасти қарибулвуқӯи сарони Иттиҳодияи Аврупоро таҳти таъсири худ қарор хоҳад дод.

Созмони амнияти миллии Амрико қарор буд, ин шумораи телефонҳоро аз давлатмардон дар Вошингтон бигирад. Номе аз ин афод, ки қарор буд гуфтугӯҳои онҳо зери назар гирифта шавад ва низ номе аз касе, ки ин дархостро ироа карда, бурда нашудааст. Ин фард аз идораи SID, ки бахше аз созмони амнияти миллӣ аст ва кори он ба таври умумӣ зери назар гирифтани гуфтугӯҳо аст, хоста буд, чунин коре кунад. "Гордиан" менависад, бисёре аз ин шумораҳо аз қабл дар ин идора вуҷуд доштаанд, аммо 43 шумораи нав ба онҳо изофа шудааст. Дар айни ҳол бар асоси ин гузориш, натоиҷи зиёде аз ин кор ба даст наомадааст.

Ангела Меркел, нахуствазири Олмон.
Ангела Меркел, нахуствазири Олмон.
Сарони кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо дар ҳоле дар Брюссел ҷамъ омаданд, ки моҷарои нави ҷосусӣ онҳоро сахт нигарон кардааст. Нишасте, ки шоми панҷшанбе шурӯъ шуд ва қарор аст ду рӯз идома кунад, бояд ду масъалаи барои қора муҳим – эҳёи иқтисоди Аврупо ва ҳалли мушкили муҳоҷирони ғайриқонунӣ аз шимоли Африқо ва Ховари Миёнаро баррасӣ намояд. Аммо ба назар мерасад, ки аҳли нишаст бо муҳокимаи ин ду мавзӯъ иктифо нахоҳанд кард – ахиран иттилое нашр шуд, ки хадамоти кашфи Амрико телефони мобили садри аъзами Олмон Ангела Меркелро гӯш мекарданд.

Хонум Меркел баъд аз расидан ба пойтахти Белгия изҳор намуд, ки “дӯстон набояд аз пушти ҳамдигар ҷосусӣ кунанд. Ман инро моҳи июн, вақте ки Барак Обама дар Берлин буд, гуфта будам ва дирӯз дар сӯҳбати телефонӣ бори дигар такрор кардам”. Ӯ афзуд, ҳоло гомҳои нав барои эҳёи эътимод миёни Иттиҳодияи Аврупо ва Иёлоти Муттаҳида зарур аст. Ангела Меркел дар ташреҳи хабари аз сӯи хадамоти кашфи Амрико пайгирӣ кардани зангҳои телефонияш гуфт, гап на фақат сари ҳаққи худи ӯ, балки сари ҳаққи ҳама шаҳрвандон ба зиндагии хусусӣ меравад.

Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама рӯзи чаҳоршанбе дар сӯҳбат бо Ангела Меркел ӯро итминон дод, ки хадамоти кашфи Амрико ҳеҷ гоҳ зангҳои телефонии садри аъзами Олмонро пайгирӣ накардаанд ва нахоҳанд кард.

Намояндаи Кохи Сафед Ҷей Карнӣ рӯзи панҷшанбе аз ташреҳи моҷарои гӯш кардани телефони Ангела Меркел сарпечӣ кард ва гуфт, ки “мо бо ҳампаймонҳои наздикамон дар Олмон тавассути каналҳои дипломатӣ робитаи мустақим дорем”.

Аз ин пеш вазири умури хориҷии Олмон Гидо Вестервелле сафири ИМА дар Беролин Ҷон Эмирсонро ба ҳузур хонд, то ки ӯ иттилои маҷаллаи Spiegel дар бораи аз сӯи хадамоти кашфи Амрико зери назорат гирифтани телефони мобили Ангела Меркелро ташреҳ кунад.

Қабл аз нашри хабарҳо дар бораи гӯш кардани телефони ҳамроҳи садри аъзами Олмон расонаҳои чопи Порис навишта буданд, ки Оҷонси амнияти миллии Амрико сӯҳбатҳои телефонии миллионҳо фаронсавиҳоро гӯш мекунанд. Шояд ба ин хотир Франсуа Ҳолланд, раисиҷумҳури Фаронса, барои он пойфишорӣ дорад, ки ба рӯзномаи нишасти сарони Иттиҳодияи Аврупо мавзӯи ҷосусӣ изофа карда шавад.

Илова бар Меркел, бархе дигар аз руасои давлатҳои кишварҳои аврупоӣ дар ин маврид аз Амрико тавзеҳ хостаанд. Spiegel ахиран аз қавли Эдвард Сновден навишта буд, оҷонси амнияти миллии Амрико имейлҳои раиси ҷумҳури Мексикаро таҳти назар доштааст. Як моҳ қабл низ барномаи хабарии Бризилия гузориш дода буд, ки Оҷонси амнияти милии Амрико ба ҷосусӣ ва ба даст овардани маълумот аз имелҳо, муколамаҳои телефонӣ ва паёмакҳои раисони ҷумҳури Бразил ва Мексика пардохтааст.
XS
SM
MD
LG