Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марде ҳамсарашро 9 корд задааст


Мақомоти корҳои дохилӣ дар ноҳияи Айнӣ марди 36-солаеро дастгир кардаанд, ки ба бадани ҳамсараш 9 корд задаст. Аз дафтари матбуоти вазорати корҳои дохилӣ хабар доданд, ки Меҳроншоҳ Рустамов, соли таваллудаш 1977, сокини ноҳияи Айнӣ, аз ҷониби кормандони ин ниҳод бо гумони сӯиқасд ба куштор дастгир карда шуд. Рустамов рӯзи 23-юми октябр дар кӯча бо ҳамсараш Маизова Наргиса, соли таваллудаш 1977, ҷанҷол карда, ӯро бо корди дасташ 9 маротиба ба шикамаш зада, сипас 1 маротиба ба шиками худаш мезанад. Гуфта мешавад, дар натиҷа ҳарду ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд. Нисбат ба ин қазия парвандаи ҷиноӣ оғоз шудааст.
XS
SM
MD
LG