Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хонуми тоҷик дар Дубай ба танфурӯшӣ айбдор мешавад


Зани тоҷики дар Дубай боздоштшуда гуфтааст, ки ба кӯмаки консулгарии Тоҷикистон ниёз надорад.

Дар Додгоҳи ҷиноии Дубай рӯзи душанбе муҳокимаи парвандаи як зани тоҷикистонӣ ва дилдодаи уммонии ӯ шурӯъ шуд, ки онҳоро дар робитаҳои ғайришаръӣ айбдор мехонанд. Ба навиштаи расонаҳои чопи Дубай, хонуми тоҷик, ки аз ӯ фақат А.М. ном мебаранд, дар танфурӯшӣ ва вуруди ғайриқонунӣ ба кишвар низ муттаҳам мешавад.

Зани тоҷик ҳамроҳ бо С.С., шаҳрванди 40-солаи кишвари Уммон, дар моҳи Рамазон дар маҳаллаи Ал-Бараҳа боздошт шуда буд. Ба навиштаи рӯзномаи The National, рӯзи аввали мурофиа ӯ аз додгоҳ хостааст, ки тифли навзодашро аз ӯ ҷудо накунанд. Айбдоршаванда иттиҳоми танфурӯширо рад карда аммо гуфтааст, тифли навзод – фарзанди мардест, ки бо ҳам дар клуби шабона ошно шуда буданд ва баъди ошкор гаштани ҳомиладории А.М. ӯро тарк намудааст. “Хоҳиш мекунам, ки маро ҷудо аз тифлам нигаҳ надоред, зеро метарсам, ки ӯро аз ман мегиранд”, гуфтааст хонуми тоҷик ва хостори эълони ҳарчӣ зудтари ҳукми додгоҳ шудааст.

Марди уммонии ҳамроҳ бо хонуми тоҷик боздоштшуда низ гуфтааст, ки бо А.М. дар клуби шабона шинос шуд ва чанд моҳ боз харҷи будубошаш дар Дубайро пардохт мекард. “Ман чун фаҳмидам, ки ӯ дар Дубай ғайриқонунӣ иқомат мекунад, хоҳиш кардам, ки аснодашро дуруст кунад”, гуфтааст марди уммонӣ.

Абдураҳмон Аюбов, консули Тоҷикистон дар Дубай, ба Радиои Озодӣ гуфт, дар бораи боздошти хонуми тоҷик ба онҳо хело дер хабар доданд, шояд ба он далел, ки ба парванда марди уммонӣ, ки гуфта мешавад, корманди полиси Уммон мебошад, шомил аст. Ӯ афзуд, ки аз додгоҳ “то ҳол ба мо ҳатто нусхаи шиносномаи хонуми боздоштшударо нафиристодаанд”, аз ин рӯ ному насаб ва сокини кадом минтақаи Тоҷикистон будани ӯ ҳам рӯшан нест.

Ба иттилои дипломати тоҷик, зани боздоштшуда аз ин пеш ҳам аз Арабистони саудӣ ва ҳам аз Аморати муттаҳидаи араб ихроҷ шуда буд, аз ин рӯ ба Дубай ғайриқонунӣ аз тариқи баҳр ворид шудааст.

"Хонуми тоҷик дар Дубай ғайриқонунӣ ба сар мебурд ва аз ин рӯ дар консулгарии Тоҷикистон худро сабти ном накарда буд. Ҳамчунин ӯ ба пешниҳоди полису додрас барои тамос бо консулгарии Тоҷикистон посухи рад дода гуфтааст, ки ба кӯмак ниёз надорад", афзуд консули Тоҷикистон дар Дубай..

Абдураҳмон Аюбов гуфт, ҳодисаҳои бо иттиҳоми танфурӯшӣ боздошт шудани занони тоҷик аз пеш ҳам рӯй дода буданд ва аксари онҳо ба Тоҷикистон истирдод ва афроде, ки онҳоро барои ин “тиҷорат” ба Дубай фиристода буданд, аз сӯи додгоҳҳои Тоҷикистон маҳкум ба зиндон шуданд. Ба гуфтаи ӯ, айни ҳол дар Амороти муттаҳидаи Араб беш аз 2 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон ба сар мебаранд ва миёни онҳо духтароне низ ҳастанд, ки ба танфурӯшӣ машғуланд. "Якеашро боздошт мекунанд ва ба Тоҷикистон мефиристем, ба ҷойи ӯ боз дигар духтар меояд", изҳор намуд Абдураҳмон Аюбов.

Дипломати тоҷик мегӯяд, аммо ба ҷуз хонуми боздоштшуда дигар ягон шаҳрванди Тоҷикистон бо ҷурми танфурӯшӣ дар маҳбасҳои Дубай нигаҳ дошта намешавад.

Абдураҳмон Аюбов афзуд, имрӯз додгоҳ ба ӯ иҷоза дод, ки рӯзи панҷшанбе 24 октябр дар маҳбас бо шаҳрванди боздоштшудаи Тоҷикистон дидору гуфтугӯ кунад.

Қарор аст, ки ҳукми додгоҳ дар баробари боздоштшудаҳо рӯзи 18 ноябр эълон шавад.
XS
SM
MD
LG