Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бурсияи таҳсил барои тоҷикони бурунмарзӣ


Вазорати маорифи Тоҷикистон барои шаҳрвандони тоҷиктабори Қазоқистон 77- бурсияи таҳсил дар муассисаҳои олии касбии Тоҷикистон ҷудо намудааст. Тибқи иттилои вазорати маориф, шаҳрвандони Қазоқистон сар аз моҳи октябри соли ҷорӣ дар донишгоҳҳои Тоҷикистон аз рӯи ихтисосҳои гуногун ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Ин манбаъ мегуяд, 93 нафар довталабони тоҷик низ барои идомаи таҳсил ба курсиҳои тайёрии муассисаҳои олии касбии Қазоқистон фиристода хоҳанд шуд. Ҳамзамон дар асоси дастури ҳукумати Тоҷикистон, вазорати маориф 50 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва 30 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Эронро дар соли таҳсили соли 2013-2014 тибқи бурсияҳои таҳсилӣ ба муассисаҳои олии касбии Тоҷикистон қабул кардааст.
XS
SM
MD
LG