Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Арабистони Саудӣ аз узвияти Шӯрои амният даст кашид


Арабистони Саудӣ аз курсии узви даврии дар Шӯрои амнияти СММ даст кашид ва ин ниҳоди ҷаҳониро дар меъёрҳои дугона айбор кард. Вазорати умури хориҷии кишвар бо эъломи ин хабар гуфт, ки СММ бояд навсозӣ карда шавад. Мақомоти саудӣ Шӯрои амниятро аз ҷумла дар он айбдор намуданд, ки ба ҳалли бӯҳрони Сурия муваффақ нашудааст.

СММ дар робита ба ин тасмими Арабистони саудӣ вокунише нишон надодааст, ҳарчанд дипломатҳо муҳаййир будани худро пинҳон намедоранд. Вазорати умури хориҷии Русия аз тасмими Ар-Риёз изҳори тааҷуб карда, интиқоди Шӯрои амнияти СММ-ро «хусусан ҳайратовар» номидааст.

Изҳороти Арабистон саудӣ чанд соат баъд аз он нашр шуд, ки ин кишвар бори аввал чун яке аз даҳ узви даврии Шӯрои амнияти СММ пазируфта шуд. Аъзои даврии Шӯрои амният тайи ду сол ҳамроҳ бо панҷ узви доимии Шӯрои амният – ИМА, Бритониё, Фаронса, Чин ва Русия фаъолият мекунанд.
XS
SM
MD
LG