Пайвандҳои дастрасӣ

Бо вуҷуди даъват ба эҳтиёткорӣ даҳҳо ҳазор нафар аз мусулмонон дар намоиз иди Маскав ширкат карданд.

Дар таҷлил аз Иди Қурбон дар Маскав тақрибан на камтар аз 100 000 нафар ширкат карданд ва ба муносибати намози ид чанде аз кӯчаҳо масдуд ва масири нақлиёти ҷамъиятӣ иваз шуд. Ин дар ҳолест, ки сарони ҷомеаҳои миллӣ ва мазҳабӣ аз муҳоҷирон ва намояндагони ақвоми ғайрирус даъват кардаанд, ки пас аз нооромиҳои Бирюлево дар мазҳари ом зоҳир нашаванд ва бе зарурати ҷиддӣ ба кӯча набароянд.

Интизом ва амниятро дар робита ба намози рӯзи ид 4000 корманди полис, ҳарбиёни нерӯҳои дохилӣ ва ихтиёриён таъмин мекунанд. Дар арафаи ид мақомоти Маскав ба мусулмонон се майдони дигарро барои баргузории намози ид пешниҳод карданд. Аммо ҷамъбомади асосӣ дар Масҷиди ҷомеи Маскав дар танкӯчаи Виползово баргузор гашт.

Бино бар хабари Интерфакс намози ид дар 6 масҷиди Маскав ва 14 масҷиди вилояти Маскав ҷараён ёфтаааст.



Аз баргузории Иди Қурбон дар Маскав ин навор дар шабакаҳои иҷтимоӣ пахш шудааст:

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG