Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гумонбар ба терроризмро аз Троблус ба Амрико интиқол доданд


Мақомоти Амрико мегӯянд, як либиёӣ, ки ба терроризм муттаҳам мешавад ва аз ҷониби нируҳои вижаи Амрико дар Троблус боздошт шудааст, бо як киштии ҷангии Амрико вориди ин кишвар шудааст.

Ин мардро узви Ал Қоида медонанд ва бо номи Абу Аннос ал Либӣ мешиносанд. Ҷустуҷӯи вай бештар аз як даҳсола идома дошт ва вай дар ҷараёни амалиёте 5 октябр дар Троблус боздошт шуд. Вайро барои ду бамгузорӣ дар кишварҳои африқоӣ дар сафоратхонаҳои Амрико дар соли 1998 гунаҳгор медонанд.
XS
SM
MD
LG