Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти як "фурӯшанда"-и хонаҳои ширкати Зайд Саидов


Ожонси зидди фасод як сокини Душанберо, ки худро намояндаи ширкати сохтмонии Зайд Саидов муаррифӣ карда, бо ваъдаи харидории манзил бо нархи арзон аз мардум пул мерӯёндааст, боздошт кардааст. Дафтари матбуоти Ожонсӣ рӯзи 10 октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, Раҳмиддин Раҳимов бо ваъдаи фурӯши хонаи арзон дар маркази шаҳри Душанбе аз сокини пойтахт Розия Раҳимова ҳудуди 75 ҳазор доллар ва аз сокини дигари Душанбе карим Баротов 28 000 доллар ситондааст, вале дар ниҳоят ҳеҷ кадоми онҳо соҳиби манзил нашудаанд. Тафтишот маълум кардааст, ки Раҳмиддин Раҳимов дар асл чанд сол боз бекор буда, дар ширкати хонасозии Зайд Саидов фаъолият надоштааст. Алайҳи ӯ тибқи моддаи 247 Кодекси ҷиноӣ(қаллобӣ) парвандаи ҷиноятӣ боз кардаанд.
Худи Зайд Саидов аз 19 май дар боздошт қарор дорад. Додгоҳи ӯ пушти дарҳои баста аз 12 сентябр ба ин сӯ идома дорад. Ожонсии мубориза бо фасод ӯро ба ҷароиме, чун ришвахоҳӣ, қаллобӣ, таҷовуз ба номус айбдор мекунад. Худи ӯ ин иттиҳомотро сиёсӣ меномад.
XS
SM
MD
LG