Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҷрибаомӯзии пулисзанҳои тоҷик дар Амрико


Акс аз гузориши NBC
Акс аз гузориши NBC
Як гурӯҳи занони пулис аз Тоҷикистон ба манзури таҷрибаомуӯзӣ дар минтақаи Ист Бейи Амрико қарор доранд. Мизбонии ин гурӯҳи занони пулиси тоҷик ва ҳамин тавр, масъулияти таълиму тамрини онҳоро маъмурони пулиси Фремонту Ҳайвард бар ӯҳда доштанд. Гуфта мешавад, танҳо 7 дарсад аз ҷамъи ходимони пулиси Тоҷикистон занонанд ва онҳо ҳам асосан дар мақомҳои дафтардориву маъмурӣ кор мекунанд. Ҳоло ин гурӯҳи эъзомӣ аз ҷумла чигуна дар Амрико дар пулис кор кардани занонро низ ба чашми дида ва таҷриба мекунад. Шаҳрибону, яке аз пулисзанҳои тоҷик ба телевизиони NBC мақоли тоҷикии “шунидан кай бувад монанди дидан”-ро мисол оварда, гуфтааст, онҳо таҷрубаи дар Амрико андӯхтаашонро баъдан дар кишвари худ амалӣ хоҳанд гардонд. Ин гурӯҳ ахиран дар Сан-Хосеи Амрико дар анҷумани “Занони раҳбар дар ниҳодҳои интизомӣ” низ ширкат кардааст.
XS
SM
MD
LG