Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Покистон мегӯяд, Абдулғанӣ Бародарро аз зиндон раҳо кардааст


Покистон изҳороти Толибони Афғонистонро рад кард. Дар ин эъломия гуфта мешуд, ки мақомоти Покистон ба ваъдаи худ дар бораи аз зиндон раҳо кардани Мулло Абдулғанӣ Бародар вафо накардаанд. Бародар раҳбари дуввуми Толибони Афғонистон мебошад.

Сухангӯи вазорати корҳои хориҷаи Покистон рӯзи чаҳоршанбе гуфт, ки Абдулғанӣ Бародар “озод аст ва метавонад бо ҳар касе, ки хостори мусолиҳа аст мулоқот кунад”.

Пештар сухангӯи Толибони Афғонистон гуфта буд, ки Бародар “ҳамоно дар зиндон ба сар мебарад ва рӯз то рӯз саломатиаш бад мешавад”. Дар Афғонистон вайро бисёриҳо шахси калидӣ дар музокироти сулҳ бо Толибон медонанд.
Дар миёнаи моҳи сентябр Покистон эълон кард, ки Бародарро аз зиндон раҳо мекунад.
XS
SM
MD
LG