Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳолланд барои боздошти дипломати Русия узр хост


Ҳукумати Ҳолланд дар робита бо боздошти Дмитрий Бородин-дипломати Русия аз ин кишвар узр хостааст. Бородин охири ҳафта боздошт шуда буд.

Франс Тиммеранс-намояндаи вазорати корҳои хориҷаи Ҳолланд рӯзи чаҳоршанбе изҳор дошт, ки маълумоти ворида аз пулисро омӯхтаанд ва ба хулосае расидаанд, ки тарзи бархӯрд бо Бородин ба аҳдномаи Вена дар бораи муносибатҳои дипломатӣ мутобиқат намекунад.

Рӯзи сешанбе вазорати корҳои хориҷаи Русия сафири Ҳролланд дар Маскавро ба вазорат эҳзор кард ва ҳамон рӯз Владимир Путин аз Амстердам хост, ки аз Русия бахшиш пурсад.

Пулиси Ҳолланд гуфтааст, ки ҳамсояҳои Бородин шикоят кардаанд, ки вай бо фарзандонаш муносибати хуб надоштааст. Шаби якшанбе мардоне дар либоси низомӣ дар Ҳейг ба хонаи вай ворид шудаанд ва вайро лату кӯб карда бо худ бурдаанд. Вай шабро дар пулис сипарӣ кардааст.
XS
SM
MD
LG