Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барандагони ҷоизаи Нобел дар бахши кимиёро эълон карданд


Фарҳангистони Салтанатии Улуми Шветсия, имрӯз Мартин Карплус, Майкл Левит, Арӣ Воршел, донишмандони амрикоиро барандаи Ҷоизаи Нобел дар бахши кимиё дар соли 2013 эълон кард. Олимони амрикоиро барои кашфи моделҳои чандмиқёсӣ ҷиҳати таҳқиқи таркибҳои печидаи кимиёӣ сазовори ин ҷоиза донистаанд. Пажӯҳишҳои онҳо дар солҳои 70-уми асри гузашта имкон дод, ки шеваҳои поксозии олудагиҳо аз дуд, мисли фотосинтез дар барги рустанӣ ба роҳ андохта шавад. Карплус шаҳрванди Амрикову Австрия, Воршел шаҳрванди Амрикову Бритониё ва Арӣ табааи Амрикову Исроил ҳастанд ва ҷоизаи 1 миллиону 250 ҳазор доллариро бо ҳам мебинанд.
XS
SM
MD
LG