Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳейг ба эҳёи равобити дипломатӣ бо Эрон хушбин аст


Нахустин мулоқоти Вилям Ҳейг ва Муҳаммад Ҷавод Зариф дар долонҳои Маҷмааи умумии СММ
Нахустин мулоқоти Вилям Ҳейг ва Муҳаммад Ҷавод Зариф дар долонҳои Маҷмааи умумии СММ

Вилям Ҳейг, вазири умури хориҷии Бритониё, аз оғози раванде дар равобити миёни Лондон ва Теҳрон хабар дод, ки қарор аст ба эҳёи робитаҳои дипломатӣ миёни Бритониё ва Эрон мусоидат кунад.

Равобити дипломатӣ миёни ду кишвар моҳи ноябри соли 2011 баъди он қатъ шуданд, ки донишҷӯёни муҳофизакори эронӣ баъд аз намоиши эътирозӣ алайҳи таҳримҳои нави зиддиэронии Лондон ба бинои сафорати Бритониё ҳамла карда, шишаҳои биноро шикастанд ва мошинҳову парчамҳои бритониёвиро сӯзониданд.

Вилям Ҳейг рӯзи сешанбе зимни суханронӣ дар парлумони Бритониё гуфт, ки ӯ ва ҳамтои эронияш Муҳаммад Ҷавод Зариф дар мавриди батадриҷ ислоҳ кардани вазъ ба созиш расидаанд. Раҳбари идораи сиёсати берунаи Бритониё афзуд, ки ду кишвар ибтидо ваколатдорҳои худро таъин мекунанд ва пайваста робитаҳоро густариш медиҳанд, ки дар ниҳоят ба ифтитоҳи сафоратҳои ҳарду кишвар муваффақ шаванд.

Вилям Ҳейг изҳор намуд, “баъд аз ҳамла ба сафорати мо дар Теҳрон, ки нақзи Муоҳидаи Вена буд ва аз сӯи Маҷлиси Эрон пазируфта шудани пешниҳоди пойин бурдани робитаҳо бо Бритониё, муносибатҳои дипломати мо шикасти ҷиддӣ диданд”. Ӯ афзуд, ки лаҳни гуфтугӯи Теҳрон бо ҷамеъаи ҷаҳонӣ баъди пирӯзии Ҳасани Рӯҳонӣ дар интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон дар моҳи июни соли равон нармтар шуд. Ҳамзамон ӯ гуфт, ки “мо душвориҳои дар пешбударо набояд нодида бигирем. Дар Эрон низоми мушкили давлатӣ мавҷуд аст ва дар Эрон афроде ҳастанд, ки бо талоши ҳукумат барои ҳалли қазияи барномаи ҳастаӣ ва беҳбуди равобити дуҷониба бо Ғарб мувофиқ нестанд”.

Вазири умури хориҷии Бритониё мутмаин аст, ки беҳбуди робитаҳои дуҷониба фақат бар пояи устувории ҳарду тараф ҳосил хоҳад шуд. Ӯ афзуд, Лондон ҳамзамон бо талоши ҳалли мусолиматомези қазияи барномаи ҳастаии Эрон эълом медорад, ки бо мардуми Эрон ягон мушкиле надорад.

Ба гуфтаи Вилям Ҳейг, эҳё робитаҳои Бритониё ва Эрон аз гомҳои мушаххаси ҳарду ҷониб вобаста аст, аз ҷумла, агар Теҳрон мехоҳад, ки таҳримҳои байнулмилалӣ коҳиш ёбанд, бояд дар барномаи ҳастаияш тағйироти куллӣ ворид намояд. “Агар ин тағйироти куллӣ ба амал наояд, мо пуштибонӣ аз таҳримҳои шадид болои Теҳронро идома хоҳем дод”, изҳор намуд Вилям Ҳейг.

Теҳрон иттиҳоми Ғарб дар заминаи мавҷудияти барномаҳои махфии тавлиди силоҳи ҳастаиро пайваста рад мекунад. Раисиҷумҳури Эрон Ҳасани Руҳонӣ ва вазири умури хориҷии кишвар Муҳаммад Ҷавод моҳи гузашта дар Маҷмаъи Умумии СММ дар Ню Йорк ширкат карданд ва гуфтаанд, ки Теҳрон ба хотири нармиши таҳримҳои байналмилаӣ мехоҳад дар заминаи барномаҳои ҳаставиаш бо Ғарб созиш кунад. Аз ин пеш Ҳасан Руҳонӣ аз ҷаҳони бидуни силоҳи ҳаставӣ пуштибонӣ кард ва аз Исроил даъват намуд, ки ба Муоҳидаи ҷилавгирӣ аз паҳншавии силоҳи ҳаставӣ имзо гузорад.
XS
SM
MD
LG