Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳомид Карзай Лоя Ҷиргаро даъват мекунад


Ҳомид Карзай гуфт, ки ба хотири баррасии созиши амниятӣ бо ИМА Лоя Ҷирга – ҳамоиши сарони қавму қабоилро даъват мекунад. Дар сӯҳбат бо хабарнигорон дар Кобул рӯзи душанбе ӯ гуфт, ки ҳукуматаш тасмими Лоя Ҷиргаро иҷро хоҳад кард.

Ба гуфтаи Карзай, афғонҳо аз имзои созиши амниятӣ, ки ба нерӯҳои амрикоӣ иҷозаи баъди соли 2014 дар Афғонистон боқӣ монданро медиҳанд, пуштибонӣ мекунанд, аммо афзуд ӯ, дар ин созиш бояд манфиатҳои миллии Афғонистон ҳифз шаванд.

Сарвари Афғонистон ҳамчунин гуфт, ки Кобул аз Амрико хостори кафолати амниятӣ дар сурати таҳдид аз Толибон ва дигар гурӯҳҳои террористӣ шудааст. Вашингтон ва Кобул ин санадро аз моҳи ноябри соли 2012 ба ин сӯ баррасӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG